бастан — [بستن] 1. гиреҳ карда пайвастан, нӯг ба нӯг васл кардан (нӯги ду риштаро) 2. чизеро ба чизе ё ба ҷое бо банд пайвастан (аспро ба ароба, харро ба дарахт, барзаговро ба ҷуфт ва ғ.); муқоб. кушодан 3. печондан (чизеро ба чизе); салла бастан салларо… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бинт — I [بنت] а. кит. духтар II [بنت] олм. тиб. докаи тасмашакл, ки барои бастани ҷароҳат ва ғ. ба кор мебаранд, тасмадока: бинт бастан, бинтро кушодан, бо бинт печонидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вопечидан — [واپيچيدن] печонидан, печидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давра — [دوره] а 1. чизи мудаввар, гирд, доирашакл: мизи давра, оинаи давра, ҳавзи давра; чароғи давра ниг. даврапилта 2. давр, гардиш, навбат 3. гурӯҳи ҳалқа зада ба як ҷо гирдомадаи одамон, маърака, ҷамъомад (мас., давраи ҷавонон) 4. вақту замони… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
латтапеч — [لتّه پيچ] он чи ба латта печонда шудааст; латтапеч кардан бо латта печонидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
навардидан — [نورديدن] кит 1. печидан, печонидан, қат кардан 2. тай кардан, паймудан, гузаштан; гаштан, гардидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
печон — I [پيچان] асоси замони ҳозира аз печон(и)дан II [پيچان] 1. феъли ҳол ва сифати феълии замони ҳозира аз печидан; дар ҳолати печидан 2. каҷу килеб, хаму рост; пайраҳаи печон 3. ҳалқашуда, хамида, печ дар печ: зулфи печон, мӯи печон; печон шудан а)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пӯшонидан — [پوشاندن // پوشانيدن] 1. шакли бавоситаи пӯшидан; бар тан кунонидан, дар бар кунонидан (либосро бар касе); ба гап ҷома пӯшонидан гапро оро додан, зеб дода сухан кардан 2. панаҳ кардан, руст кардан, пардапӯш кардан: бо рӯймолаш рӯяшро пӯшонд 3.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ